Таъмини ҳуқуқ ба озодии виҷдон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: баҳогузории масъала аз рӯи вазъияти воқеӣ ва меъёр¬ҳои байналмилалӣ
Ҳафиззода Ш.Х. Таъмини ҳуқуқ ба озодии виҷдон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: баҳогузории масъала аз рӯи вазъияти воқеӣ ва меъёр¬ҳои байналмилалӣ. – Душанбе, «ЭР-граф», 2018. – 48 саҳ.
Муҳаррири масъул:
Юсуфзода Акмал Ҳотам – ёрдамчии сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, майори милитсия
Муқарризон:
Саидзода З.А. – муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия;
Ҳаким А.Р. – номзади илмҳои сиёсӣ, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Файзов И.А. – сардори шуъбаи Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия.
Дар рисола вазъияти таъмини ҳуқуқ ба озодии виҷдон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси мулоҳизаҳои мантиқӣ, санаду ҳуҷҷатҳо ва факту рақамҳои мушаххас таҳлил гардида, бо арзишҳои пазируфташудаи умумибашарӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар ин соҳа муқоиса карда шудааст. Натиҷаи баррасӣ ва таҳлили муқоисавӣ ба таври комилан асоснок нишон медиҳад, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такмили қонунгузории миллӣ дар соҳаи муносибат бо дин ва таъмини ҳуқуқ ба озодии виҷдон ба даст¬овардҳои бузургу беназире ноил гаштааст.
Рисола барои хизматчиёни давлатӣ, коршиносони соҳа, алоқамандони мавзӯъ ва доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.