Забон — рукни асосии ҳастии миллат
2-юми октябри соли 2026 дар Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Забон - рукни асосии ҳастии миллат» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ, омӯзгорони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Академияи Вазорати корҳои дохилӣ иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо қироати порчаҳои шеърӣ аз «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ аз ҷониби курсантҳои Академияи ВКД оғоз гардид.
Дар идомаи конференсия иштирокдорон доир ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди забони тоҷикӣ, баргузории озмунҳои гуногунҷанба дар самти забон, инчунин мақоми забони тоҷикӣ дар даврони истиқлол суханронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки забон яке аз муҳимтарин рукнҳои ҳастии миллат ба ҳисоб рафта, дар замони соҳибистиқлолӣ барои рушди забони давлатӣ ва баланд бардоштани мақоми он дар ҷомеа тадбирҳои муҳим амалӣ гардида истодаааст.
Дар фарҷоми конференсия таъкид гардид, ки арҷгузорӣ ба забони давлатӣ ва истифодаи дурусти он дар фаъолияти хизматӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа барои таҳкими худшиносии миллӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангии миллат аҳамияти муҳим дорад.


















