Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семенари омӯзишӣ дар самти истифодаи огоҳиномаҳо ва диффузияҳои Интерпол

Аз 30-юми сентябр то 2-юми октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ дар самти тартиби истифодаи огоҳиномаҳо ва диффузияҳои Интерпол баргузор гардид. Муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо бо Ева Латти - мушовир ва ҳамоҳангсози Шуъбаи иҷроия оид ба масъалаҳои ҳуқуқии Котиботи генералии Интерпол ва дигар намояндагони Интерпол, ки ҷиҳати баргузор намудани семенар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда буданд, вохӯрӣ доир намуд. Дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба аҳамияти таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои Интерпол ибрози назар карда шуд. Семинари мазкур бо ташаббус ва дастгири роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бюрои миллии марказии «Интерпол» дар Тоҷикистон баргузор гардида, ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, такмили ҳамоҳангсозӣ ва табодули таҷриба дар самти ҳамкориҳои байналмилалии мақомоти корҳои дохилӣ равона шудааст. Дар ҷараёни семинар тартиби таҳия, ирсол, истифода ва коркарди намудҳои гуногуни огоҳиномаҳо ва диффузияҳои Интерпол, инчунин механизмҳои ҳамкории байналмилалии полиси ҷиноӣ ва дигар масъалаҳои амалии марбут ба фаъолияти Интерпол мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифтанд. Дар семинар намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия иштирок намуданд.

02.10.2026 17:29
119