Тамаъҷӯӣ
Кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Б. Ғафуров дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷинояти тамаъҷӯиро ошкор карданд.
Муайян карда шуд, ки шаҳрванд Абдуллоев Исломбек соли таваллудаш 2005, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен, бо шаҳрванд Т.С., соли таваллудаш 2005, муносибати ошиқона пайдо карда, ӯро аксбардорӣ кардааст.
Баъдан, Абдуллоев И., бо таҳдиди дар оянда ба шавҳаршавандаи Т.С., нишон додани аксҳои гирифташуда, аз ӯ маблағи 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ талаб карда гирифтааст.
Нисбати Абдуллоев Исломбек парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 250 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот ба роҳ монда шудааст.















