Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

Кормандони ШКҶ ШВКД дар ноҳияи А. Ҷомӣ дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрвандон Туркменов Фаридун соли таваллудаш 2005 ва Абдураҳмонов Сиёвуш соли таваллудаш 1998-ро барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир намуданд.
Номбурдагон шаби 1 ба 2 октябри соли 2026, тахминан соати 01:10, дар кӯчаи Сомониёни ҷамоати шаҳраки Хоҷамастони ноҳияи А. Ҷомӣ дар ҳолати мастӣ бо шаҳрванд Ғанизода Маҳмадҷон соли таваллудаш 2002, баҳсу муноқиша намуда, номбурдаро лату куб намудаанд.
Дар натиҷа, Ғанизода М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, нисбати дигар иштирокчиёни ҷиноят низ чораҳои қонунӣ андешида мешавад.

03.10.2026 11:36
43