Вохӯрии роҳбарони Бюроҳои миллии марказии Интерполи кишварҳои Осиёи Марказӣ
Рӯзҳои 6–7 октябри соли 2026 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон вохӯрии роҳбарони Бюроҳои миллии марказии Интерполи давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро сардори Бюрои миллии марказии Интерполи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Нуриддинзода Тоҷиддин намояндагӣ намуд.
Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои Осиёи Марказӣ, мубодилаи иттилооти оперативӣ тавассути каналҳои Интерпол ва муқовимати муштарак бо ҷинояткории фаромиллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вохӯрӣ дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавии БММ Интерполи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва густариши ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои Осиёи Марказӣ нақши муҳим хоҳад дошт.


















