Чорабиниҳои варзишӣ дар шаҳри Кулоб
Аз санаи 2-юм то 4-уми октябри соли 2026, дар асоси нақша чорабиниҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба таҷлили "Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" як қатор мусобиқаҳои варзишӣ аз намудҳои гӯштини ҷудо, футболи хурд, шашка, шоҳмот ва дав (кросс) ба масофаи 3000 метр, байни наврасону ҷавонон ташкил ва гузаронида гардид. Дар ин чорабиниҳои варзишӣ зиëда аз 800 варзишгар байни худ қувваозмоӣ намуда, дар охир ба ғолибон Ҷом, медал, диплом, ифтихорнома ва дигар тӯҳфаҳои пулию молӣ аз ҷониби роҳбарияти Вазорат тақдим карда шуд.






















