Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар ВКД озмуни «Корманди беҳтарини оперативӣ» баргузор гардид

14-уми октябри соли 2026 дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Корманди беҳтарини оперативӣ» бо иштироки роҳбарияти ВКД, кормандони сохторҳои оперативӣ ва намояндагони дигар мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ баргузор гардид.
Муовини вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Муборакшозода Ғайратшо Ғуломшо, чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, нақши калидии воҳидҳои оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ошкор намудани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҷомеа таъкид кард.
Зикр гардид, ки маҳз бо саҳми арзандаи кормандони оперативӣ ҷиноятҳои содиршуда ошкор ва шахсони ҷиноятсодиркарда дастгир гардида, адолати иҷтимоӣ ва волоияти қонун дар ҷомеа таъмин карда мешавад.
Озмун миёни кормандони Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати мудофиа, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар даври ниҳоии озмун ғолибони даврҳои қаблӣ иштирок намуда, дар ҳузури ҳайати ҳакамон ба саволҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои муфассал доданд.
Ҳамин тариқ, дар асоси натиҷаҳои баҳогузории ҳайати ҳакамон ғолибони даври ниҳоии озмун муайян карда шуданд.
Сипас, бо фармоиши вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ғолибони озмуни «Корманди беҳтарини оперативӣ» бо медали Вазорати корҳои дохилӣ «35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», нишони сарисинагии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Корманди беҳтарини оперативӣ»,  мукофотҳои пулӣ, ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

14.10.2026 15:00
162