Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тафсири илмӣ-амалии ҷиноятҳо дар соҳаи моликияти зеҳнӣ

Ҳайати муаллифон: Ҳафиззода Ш.Х. – сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия (муҳаррири масъул) – пешгуфтор, м.м. 156, 275. -ҶДММ «Бебок», 2018. -95 саҳ.

Муқарризон:
Солиев К.Ҳ. – сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, полковники милитсия;
Ҳусейнзода С.Ҳ. – профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия;
Назарзода Ҷ.М. – муовини аввали сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия;
Боиров Ф.Ғ. – сардори Раёсати таъминоти ҳуқуқӣ ва идоракунии кадрии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Т-32 Тафсири илмӣ-амалии ҷиноятҳо дар соҳаи моликияти зеҳнӣ / Муҳаррири масъул Ҳафиззода Ш.Х. – Душанбе, 2018. – 96 саҳ.
Тафсири мазкур бо назардошти дар даврони соҳибихтиёрӣ сифатан ва миқдоран такмил ёфтани сатҳи қонунгузории миллӣ дар самти моликияти зеҳнӣ ва дар робита ба инкишофи муттасили муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки зарурияти омӯзиши доимии онро тақозо менамояд, таҳия карда шудааст. Дар тафсири мазкур масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ вобаста ба моликияти зеҳнӣ, асосҳои ҳуқуқии батанзимдарорӣ, табиати ҳуқуқӣ-ҷиноятӣ ва таркиби ҷиноятҳо дар самти моликияти зеҳнӣ, мавриди таҳлил ва тафсир қарор дода шудааст. Илова бар ин, вобаста ба такмили қонунгузории соҳавӣ марбут ба моликияти зеҳнӣ тавсияҳои мушаххас пешниҳод карда шудаанд. Барои роҳнамоӣ дар фаъолияти амалии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, алалхусус кормандони оперативӣ ва тафтишотӣ, инчунин ба доираи васеи кормандони илмӣ, омӯзгорон, курсантону шунавандагони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони хоҳишманд тавсия мешавад.

22.06.2024 14:35
65