Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози машқҳои тактикии «Кобалт-2026»

18-уми октябри соли 2026 дар машқгоҳи дараи Мағоби шаҳри Ваҳдат маросими ифтитоҳи машқҳои махсуси тактикии «Кобалт-2026» бо иштироки қувваҳо ва воситаҳои низоми амнияти дастҷамъии  Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хизмати дохилӣ Иброҳимзода Нозим ва муовини дабири СААД Валерий Анатолевич Семериков иштирок намудаанд. Роҳбарияти ВКД ҳозирин ва ҳайати иштирокдорони машқҳоро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  хайрумақдам гуфта, изҳор намуданд, ки ҳадафи асосии машқҳо такмили маҳорати касбии ҳайати шахсӣ ва баланд бардоштани омодагии воҳидҳои махсус барои муқовимат ба таҳдидҳои муосири амниятӣ мебошад.
Машқҳои махсуси «Кобалт-2026» мутобиқи Нақшаи омодагии муштараки қувваҳо ва воситаҳои низоми амнияти дастҷамъии СААД барои соли 2026 доир гардида, дар он воҳидҳои махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амнияти кишварҳои узви Созмон иштирок менамоянд.
Машқҳои махсуси «Кобалт-2026» то 23 октябри соли ҷорӣ идома ёфта, барои таҳкими ҳамкории мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви СААД, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷангӣ ва таъмини амнияти дастҷамъӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.

20.10.2026 9:16
139