Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъбасти машқҳои махсуси тактикии қувваҳо ва воситаҳои низоми амнияти дастҷамъии СААД

Аз 18-ум то 23-юми октябри соли 2026 дар машқгоҳи дараи Мағоби шаҳри Ваҳдат машқҳои махсуси тактикӣ бо иштироки қувваҳо ва воситаҳои низоми амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) баргузор гардиданд.
Дар маросими ҷамъбастии машқҳои тактикӣ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, роҳбарони сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Дабири кулли СААД Валерий Семериков ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои аъзои СААД  иштирок намуданд.
Вазири корҳои дохилӣ зимни суханронӣ ба аҳаммияти баргузории чунин машқҳои муштарак дар шароити мураккаби вазъи амниятии ҷаҳон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид кард, ки ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои қудратӣ ва тақвияти омодагии воҳидҳои махсус яке аз омилҳои муҳими таъмини амнияти устувор ба шумор меравад.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки баргузории машқҳои муштараки тактикӣ имкон медиҳад, ки ҳамкории байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои узви СААД тақвият ёфта, таҷрибаи пешқадам мубодила ва малакаи ҳайати шахсӣ дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба таҳдидҳои муосир такмил дода шаванд.
Машқҳои махсуси тактикӣ бо мақсади таҳкими ҳамкории муштарак ва баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии воҳидҳои махсуси кишварҳои узви СААД баргузор гардида, дар ҷараёни он барои омӯхтани таҷрибаи ҳамдигар ба иштирокчиён шароит муҳайё карда шуд. 
Дар фарҷоми чорабинӣ Вазири корҳои дохилӣ барои иштироки фаъолона ва саҳми арзанда гузоштан дар баргузории машқҳои махсуси тактикӣ, як қатор иштирокчиёнро бо медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ намуд.

23.10.2026 16:28
139