ТАҚВИЯТ ДОДАНИ ҲАМКОРӢ ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БА САВДОИ ОДАМОН БО ШАРИКОНИ РУШД
26 октябри соли 2026 дар бинои Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрии Раиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон, муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо бо директори Шуъбаи байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъадор ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии (INL) Сафорати ШМА дар Тоҷикистон Ли Уилбур ва роҳбари Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон Виктор Лутенко баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои тақвият додани ҳамкории ҷонибҳо дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни он, такмили малакаи касбии кормандони мақомоти давлатӣ, таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризми байналмилалӣ, ҷинояткории муташаккил ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардиданд.

















