Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили Рӯзи таъсисёбии Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД

28-уми октябри соли 2026 ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Машрабзода Ҷамшед Хол, роҳбарият ва ҳайати шахсии  Хадамоти давлатии «Муҳофиза» иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ муовини вазири корҳои дохилӣ ёдрас шуд, ки кормандони Хадамоти давлатии «Муҳофиза» дар таъмини бехатарӣ, ҳифзи бинову иншооти муҳими давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва дигар объектҳои дорои аҳамияти махсус саҳми назаррас доранд. Қайд карда шуд, ки иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизматӣ, масъулиятшиносӣ ва риояи интизоми хизматӣ аз омилҳои муҳими таъмини ҳифзи боэътимоди иншоот ва амнияти шаҳрвандон ба ҳисоб мераванд.
Ҳамзамон, ба фаъолияти кормандони хадамот дар самти ҳифзи моликияти давлатӣ ва хусусӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва таъмини тартиботу ҷамъиятӣ баҳои баланд дода шуд.
Дар анҷоми чорабинии тантанавӣ барои хизматҳои шоиста, иҷрои намунавии вазифаҳои хизматӣ ва саҳми арзанда дар фаъолияти хадамот як қатор кормандон бо медалу ифтихорнома ва сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

28.10.2026 15:00
178