Ғайриқонунӣ рондани автомобил ва дучор шудан ба садамаи нақлиётӣ
Шаҳрванд Раҷабов Охунҷон, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Деваштич, 29-уми октябри соли 2026, тахминан соати 01:30, дар ҳолати мастӣ аз ҳудуди корхонаи парандапарварӣ, воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати деҳоти Унҷӣ, бе иҷозати соҳиби автомашина, воситаи нақлиёти тамғаи «Хундай-Портер»-ро ғайриқонунӣ ба роҳ бароварда, дар роҳи автомобилгарди кӯчаи Ҳ. Ҳалимови ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов, бинобар аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадан, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», ки ба шаҳрванд Амонов Дилмурод тааллуқ дорад, бархӯрда, сипас ба дохили ҷӯйбор чаппа намудааст.
Дар натиҷаи ҳодиса ба автомашинаҳо зарари техникӣ расонида шудааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Раҷабов О., бо моддаи 252, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.















