Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаи марговари нақлиётӣ

1-уми ноябри соли 2026, тахминан соати 06:00, дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Заҳматободи ноҳияи Восеъ садамаи нақлиётии марговар ба қайд гирифта шуд.
Ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Муродов Давлат соли таваллудаш 1966, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Ғофилободи ҷамоати шаҳраки Заҳматобод ба самти деҳаи Ғалазори ҷамоати деҳоти Бобошоҳиёни ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба дохили заҳбури обгузари деҳаи Ғофилобод сарнагун кардааст.
Дар натиҷаи садама ронанда Муродов Д. ва мусофири автомашина Ҳуснияи Талбак, соли таваллудаш 1996, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофири дигари автомашина Ҷовидони Мирзошариф, соли таваллудаш 1998, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯйи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.

02.11.2026 11:43
53