Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғайриқонунӣ буридани дарахт

Зимни гузаронидани чорабиниҳои санҷишӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Данғара дар кирдори шаҳрванд Турахонов Файзалӣ соли таваллудаш 1988, сокини деҳаи Талхоби ноҳияи мазкур ҳолати ғайриқонунӣ буридани дарахт ва буттаҳои сабз муайян карда шуд.
Номбурда 31-уми октябри соли 2026 худсарона ва ғайриқонунӣ бо истифода аз арраи бензинӣ (бензопила) дар ҳудуди заминҳои ҷамоати деҳоти Сафобахш, деҳаи Ҳалқайёр, 64 адад дарахти сабзи намуди дулона ва 24 адад дарахти намуди олучаро бурида, ба ҳезум табдил додааст.
Қобили зикр аст, ки дарахтони мазкур дар ҳолати хуби сабзиш қарор доштанд ва дар натиҷаи ин кирдори ғайриқонунӣ ба хоҷагии ҷангали ноҳияи мазкур зарар ҷиддӣ расонида шудааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур чораҳои қонунӣ андешида мешавад.
Бояд қайд намуд, ки мутобиқи моддаи 183-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғайриқонунӣ буридани дарахту буттазор, несту нобуд кардани зироатҳои ҷангалу ниҳолзор ва расонидани зарар ба онҳо ҷавобгарии маъмурӣ пешниҳод гардидааст. Инчунин, агар бо ин кирдор ҳуқуқвайронкунанда ба табиат зарари ҷиддӣ расонида бошад, нисбати ӯ тибқи талаботи моддаи 234-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ татбиқ мегардад.

02.11.2026 11:42
75