ҚАСДАН РАСОНИДАНИ ЗАРАРИ МИЁНА БА САЛОМАТӢ
Ба мақомоти милитсия аризаи шаҳрванд Рақибова З.М., соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Душанбе, ворид гардид, ки нисбати собиқ шавҳараш Мирзошарифзода Асрориддин соли таваллудаш 1985, сокини ҷамоати шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ, барои мунтазам мавриди лату кӯб қарор додан ва расонидани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ чораҳои қонунӣ андешида шавад.
Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ҳолатҳои лату кӯби номбурда дар давраи зиндагии якҷоя бо санадҳои тиббӣ-судӣ тасдиқ гардидаанд.
Оид ба ҳолати мазкур таҳқиқ идома дорад.
















