Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ МАРГОВАР

1-уми ноябри соли 2026, тахминан соати 22:00, ронандаи автомашинаи барқии тамғаи «NETA», Мирзоев Саид Холмуродуғли, соли таваллудаш 1997, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи А. Дониши шаҳри Турсунзода ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи «Опел-Астра», таҳти идораи Насридинов Шерзод Тағоевич, соли таваллудаш 1986, бархӯрдааст.
Дар натиҷаи бархӯрд ҳар ду ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири автомашинаи «Опел-Астра» Насридинова Дилрабо Абубакировна, соли таваллудаш 1988, низ баъди интиқол ба беморхона фавтидааст. Мусофири дигар-ноболиғ соли таваллудаш 2022, бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқ идома дошта, сабабу ҳолатҳои садама муайян карда мешаванд.

03.11.2026 16:14
33