ДУЗДӢ
Шаҳрванд Умедаи Рустам, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Душанбе ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза муроҷиат намуд, ки 1 ноябри соли 2026, тахминан соати 21:10, шаҳрванд Шамсзода Сомон соли таваллудаш 2002, дар кӯчаи Маяковскийи ноҳияи Сино аз назди фарзанди ноболиғи ӯ як адад ҷузвдонро, ки дар дохилаш шиносномаи миллӣ, шаҳодатномаи ронандагӣ, 4 адад корти бонкӣ, телефони мобилӣ ва 800 сомонӣ маблағ буд, тасарруф намудааст.
Дар натиҷа ба ҷабрдида ба маблағи умумии 1 ҳазору 200 сомонӣ зарари моддӣ расонида шудааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур чораҳои қатъии қонунӣ андешида мешавад.















