Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Бӯстон муайян карда шуд, ки шаҳрвандон Ахмедов Анвархон соли таваллудаш 2008 ва Умаров Мирзофатҳуллоҳ соли таваллудаш 2008 сокинони ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 2-юми ноябри соли 2026, тахминан соати 02:30, дар назди маркази дилхушии «Шоми Меҳр», воқеъ дар кӯчаи Сулҳи шаҳри Бӯстон, дар ҳолати мастӣ бо муҳофизи маркази мазкур Ғоибов Абдуаҳад соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати деҳоти Ҳусейн Усмонов муноқиша намудаанд.
Дар ҷараёни муноқиша Ахмедов Анвархон бо корди хоҷагии дар дасташ буда, як маротиба ба узви бадани Ғоибов Абдуаҳад зарба зада, ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Тибқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ, ҷароҳати бардоштаи Ғоибов Абдуаҳад ҳамчун зарари вазнин ба саломатӣ арзёбӣ гардидааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ахмедов Анвархон бо моддаҳои 110 қисми 1 ва 237 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

04.11.2026 11:11
37