Дуздӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Нуробод аризаи шаҳрванд Раҳимов Беҳрӯз соли таваллудаш 1999, сокини ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи мазкур ворид гардид, ки 31-уми октябри соли 2026 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз чарогоҳи деҳаи Айнӣ, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Меҳробод, 3 сар чорвои майдаи шохдорро дуздидаанд.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро шаҳрвандон Фозилов Қурбоналӣ соли таваллудаш 1998, Ҷӯрабекзода Додихудо соли таваллудаш 2005, Суҳроби Саидҷон соли таваллудаш 2007 сокинони ноҳияи Нуробод ва Сулаймонов Фирӯзҷон соли таваллудаш 1992 сокини ноҳияи Кӯшониён содир намудаанд.
Номбурдагон чорвои дуздидашударо ба воситаи автомашинаи тамғаи «Toyota Camry», рақами қайди давлатии 25-15 OW/03 мехостанд интиқол диҳанд.
Вобаста ба ҳолати мазкур дар ШВКД-и ноҳияи Нуробод нисбати номбурдагон бо моддаҳои 32 қисми 3 ва 244 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.














