Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғайриқонунӣ буридани дарахт ва буттаҳо

Зимни гузаронидани чорабиниҳои санҷишӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Ҳисор шаҳрванд Аюбов Раҷабалӣ соли таваллудаш 1964, сокини кӯчаи Навоии шаҳри мазкур барои ғайриқонунӣ буридани дарахт ва буттаҳо боздошт карда шуд.
Номбурда аввали моҳи ноябри соли 2026 бар хилофи талаботи қонунгузории амалкунанда ва бе иҷозати масъулини шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Ҳисор аз ҳудуди минтақаи муҳофизатии Канали калони шаҳри Ҳисор 27 бех дарахти сояафкани сафедор ва дигар намуди дарахтонро ғайриқонунӣ буридааст.
Инчунин, зимни гузаронидани чорабиниҳои санҷишӣ аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар минтақаи Рашт муайян карда шуд, ки шаҳрванд Пиров Умарҷон соли таваллудаш 1989, сокини ҷамоати деҳоти Обимеҳнати ноҳияи Рашт моҳи октябри соли 2026 аз ҳудуди заминҳои ҷангалзори хоҷагии деҳқонии «Аҳмадов Самад», воқеъ дар деҳаи Хурихами ҷамоати деҳоти Обимеҳнат, 6 бех дарахти чормағз, як бех дарахти себ, 3 бех дарахти олучаи худрӯйи ҷангалӣ ва 20 буттаи хори ҷангалиро ғайриқонунӣ буридааст.
Тибқи хулосаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Рашт аз 2 ноябри соли 2026, зарари ба табиат расонидашуда дар маҷмӯъ 21 ҳазору 528 сомониро ташкил медиҳад.
Таҳқиқи ҳолатҳои мазкур идома дорад.

04.11.2026 11:52
49