Баромадҳо
Табрикот
Дар ин лаҳзаҳо, ки бузургии зан-модар моро гирди ҳам овардааст, зарур медонам, ки мавқею саҳми занонро дар ҷомеа, бахусус дар мақомоти корҳои дохилӣ қайд намоям. Лаёқату истеъдоди азалии Шумо дар он зоҳир мешавад, ки дар баробари ба дунё овардани тифл ва тарбияи фарзанд, боз ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дар наздатон гузошташуда, дар таъмини амнияти...
07 март 2016, Душанбе
Суханронӣ
Боварӣ дорам, имсол низ чун солҳои қаблӣ ҳамкорӣ ва робитаҳои мову шумо низ, бо мақсади таҳкими қонуният, таъмини суботу оромӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ, дар ҷомеа тақвият меёбад. Ҳамагон хуб дарк мекунанд, ки суботу оромӣ ва тинҷиву осудагӣ яке аз омилҳои асосии рушду шукуфоӣ ва пешрафти ҷомеа буда, расидан ба ҳадафҳои созандаю бунёдкорона пеш аз...
25 январ 2016, Душанбе
Баромад
Ҳозирини гиромӣ! Дар интихоби ин пешаи бошарафу пурифтихор ва хоси мардони ватанпарвару миллатдӯст, баҳри иҷрои вазифаҳои душвору масъулиятнок барору комёбӣ таманно менамоям. Аз таъсис ва ташкили Воҳидҳои махсуси Вазорати корҳои дохилӣ 20 сол пур мешавад. Ҳайати шахсии он аз даврони таъсиёбӣ то ба имрӯз дар таъмини суботу оромӣ, мубориза бо...
05 декабр 2015, Шанбе
Суханронии Вазири корҳои дохилӣ
Вазъияти ҷаҳони имрӯза моро водор мекунад, ки фаъолияти самараноки тамоми сохторҳои давлатиро барои таъмини боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишварамон равона созем ва барои ҳар як сокини кишвар шароити арзандаи зиндагӣ ва ҳаёти осоиштаро муҳайё кунем». Дар тақвияти суханони Президенти кишвар гуфтаниям, ки мо кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ҳақиқат...
05 октябр 2015, Душанбе
Баромад
Ҳамзамон ҷиҳати ҳамкории судманд дар инъикоси фаъолияти кормандони милитсия дар мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб, ки шумо мунтазам инъикос менамоед, миннатдории худро баён намуда, боварӣ дорам, ки ҳамкории наздики мову шумо дар оянда низ, идома хоҳад ёфт. Натиҷаи ҳамкорӣ ва дастгирии шумо буд,...
25 июл 2015, Шанбе
Баромад
Вобаста ба ислоҳоти милитсия Вазорати корҳои дохилӣ аллакай як қатор корҳоро амалӣ карда истодааст, аз ҷумла «Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013‐2020» «Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020» ва Нақшаи амаликунонии он қабул карда шуд. Дар заминаи ислоҳоти милитсия дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон...
27 апрел 2015, Душанбе
Баромади Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Боварӣ дорам, ки афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, алалхусус қисми низомии 3503 баъди соҳиби чунин шароиту имкониятҳои хуби хизматрасонӣ гардидан, масъулияти бар душ доштаашонро баҳри пойдории суботу оромӣ, амнияти шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва якпорчагии Ватани азизамон, бо сарбаландӣ иҷро менамоянд. Таъсисёбии...
10 апрел 2015, Ҷумъа
Суханронии Вазири корҳои дохилӣ дар семинари илмӣ-амалӣ бо иштироки ҷавонон
Бо мақсади ба амал баровардани сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, ҷиҳати баланд бардоштани мавқею мароми ҷавонон дар ҷомеа мо ҷавононро аз шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлону Бадахшони кӯҳӣ, Суғд, минтақа ва ноҳияи Рашт, Кӯлоб ҳамзамон ноҳияҳои тобеи марказ барои иштирок дар семинари мазкур даъват намудем. Дар...
02 апрел 2015, Панҷшанбе
Баромади Вазири корҳои дохилӣ
Мақсад аз ҷамъбасти фаъолияти дружиначиёни ихтиёрӣ ва кормандони ғайриштатии милитсия, ин тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои комилан судманди кормандони Вазорати корҳои дохилӣ бо ин ниҳодҳо дар мубориза алайҳи ҷинояткорӣ мебошад. Зеро маҳз бо дастгирии аҳолӣ, зиёиёну равшанфикрон, аҳли ҷамоатчигӣ, намояндагони маориф, кормандони муассисаҳои таълимӣ,...
25 феврал 2015, Чоршанбе
Суханронӣ
Бо ташаббус ва таваҷҷӯҳи хосаи Роҳбари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамсола ба соҳаи варзиш диққати махсус дода шуда, барои солимӣ ва тандурустии ҷомеа, садҳо толору майдонҳо ва маҷмааҳои варзишӣ сохта, ба истифода дода шуданд, ки имрӯз мавриди истифодаи хурду калон қарор доранд. Дар 5 соли охир бо дастгирии...
14 феврал 2015, Шанбе